Нурмуҳаммадзода: Саррофиҳо то 100 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, шаш корманди нуқтаи мубодилаи асъор аз 60 то 100 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.
Оқои Нурмуҳаммадзода ин нуктаро имрӯз, 2 декабр аснои суханронӣ дар Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумон изҳор дошт.
Торнамои Бонки миллӣ қаблан дар иттилоияе гуфта буд, рӯзи 27 ноябр кормандони ин ниҳод дар якҷоягӣ бо мақомоти додситонӣ шаш масъули нуқтаҳои мубодилаи асъори Душанберо, ки “аз вазъи ноустувори бозори асъор истифода карда бо ҳар гуна роҳу восита қурби фурӯши долларро беасос, худсарона баланд мекардаанд”, боздошт кардаанд.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ҳангоми муаррифии лоиҳаи Дурнамои сиёсати пуливу қарзии Тоҷикистон барои соли 2016 дар парлумон гуфт, талош хоҳанд кард, то вазъи қурби асъор ба ҳолати аввала баргардад.
Раиси Бонки миллӣ гуфт, ба хотири танзими бозори пуливу молӣ ва коҳиши шиддати болоравии доллар Тоҷикистон аз Чин як миллион юан мегиранд: “Рӯзҳои наздик як миқдор аз ин маблағ ба бозор ворид мешавад”.