Духтари тоҷик муддаии сабқати байналмилалии “Зебосанами Осиё-Сибир 2015”
Сайёра Мунаварова, як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон муддаии сабқати байналмилалии “Зебосанами Осиё-Сибир 2015” шудааст.
Аз ин намоиши рақобатӣ қарор аст, 6 декабр дар толори Қасри меҳнати шаҳри Красноярск натиҷагирӣ шавад. Дар баробари Сайёра намояндаҳои 10 шаҳру кишвар барои соҳиби унвони зебосанами Сибир шудан рақобат хоҳанд кард. Мубтакирон мегӯянд, кумитаи тадорукоти озмун аз миёни муддаён 15 нафарро, ки аз Русия, Бошқирдистон, Тотористон, Тува, Хакасия, Ёқутистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Украина ва Лаҳистон намояндагӣ мекунанд, интихоб кардааст.
Дар сомонаи нашрияи Newslab.ru раъйдиҳӣ сурат мегирад, ки дар пайи он яке аз муддаиён унвони “Зебосанами онлайн-овоздиҳӣ”-ро мегирад. Хоҳишмандон имкон доранд, то соати 23:45-и 6 декабр ба номзади дилхоҳи худ раъй бидиҳанд.
Сайёра дар бораи худаш чунин навиштааст: “Зиндагиро дӯст медорам ва ҷаҳонро ба ҳамаи фарозу нишебаш мепазирам. Мехоҳам ба зиндагии худ ва наздиконам шодиву фараҳ биёрам. Хушбахтии бузурги занро, ки оила аст орзӯ мекунам. Ин як арзиши асосӣ аст. Пул ва муваффақият насибат мешаванд, агар хушбахт бошӣ”.
Шиори Сайёра Мунавварова “Дунболи хушбахтӣ нашав. Он ҳамеша бо шумост” будааст.
Созмондиҳандаҳои “Зебосанами Осиё-Сибир”, ки имсол барои бори нуҳум гузаронда мешавад, ҳадафи онро “тақвият додани робита миёни мардум, тарғиби суннатҳои миллӣ ва фарҳангӣ" гуфтаанд.
Тарафдорони Сайёра метавонанд аз тариқи пайванди https://newslab.ru/Contest/MissAsia2015/photo/688673 ба ӯ овоз диҳанд.