Бар асари оташсӯзӣ дар истгоҳи метрои "Орехово"-и Маскав ҳаракати қатораҳо дар хатсайри "сабз" мутаваққиф шудааст.
Дуди ғафсу ғализ саросари ин истгоҳро фаро гирифта, ба берун фавора мезанад.Тавре ба хабарнигори «Озодагон» аз роҳбарияти «Метрополитени Маскав» иттилоъ доданд, феълан ҳаракати қатораҳо дар миёни истгоҳҳои "Орехово" ва "Саритсино" боздошта шудааст. Наҷотдиҳандагон ба таври оҷил мусофиронро аз метро ба берун мебароранд. Дар хусуси кушташудагон ва зарадидагон то ин соат хабар нарасидааст.
Тибқи иттилои пешакии масъулини «Метрополитен» оташсӯзӣ дар яке аз анборҳои зеризаминӣ, дар масофаи қариб 50 метр дуртар аз истгоҳи "Орехово" ба вуқӯъ пайвастааст.
Хабарнигори маскавии "Озодагон" шоҳиди ҳодиса гардида, ҳатто дар истгоҳҳои наздик ба метрои "Орехово" низ дуд ва бӯи сӯхтагиро эҳсос намуд. Дар истгоҳҳои ҳамшафат низ дастаҳои наҷотдиҳиву оташнишонӣ дар ҳолати омодабош қарор доранд.{jathumbnail off}