Боздошти марде, ки ҳамсару худашро бо корд захмӣ кард
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як марди 34-солаи шаҳри Истаравшан хабар медиҳад, ки дар ҳолати мастӣ бо корд ҳамсарашро маҷруҳ сохтааст.
Тавре ин ниҳод хабар медиҳад, дастгиршуда, рӯзи 29 ноябр тахминан соати 10:00 дар ҳолати мастӣ дар ҳудуди бозори марказии шаҳри Истаравшан бо ҳамсараш, зани 24-сола, муноқиша карда, “бо мақсади куштор бо корди хоҷагии дар дасташ буда, якчанд маротиба ба узвҳои баданаш задааст”.
Манбаъ мегӯяд, баъдан гумонбаршуда бо мақсади худкушӣ бо корди мазкур як маротиба ба қафаси синаи худ мезанад: “Дар натиҷа зану шавҳар ҷароҳатҳои гуногуни чисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд”.
Ба иттилои ВУД, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.