Ясмина Алидодова дар шашгонаи "Абарситораи овозхонии Осиё” (ВИДЕО)
Ясмина Алидодова, як овозхони навраси тоҷиктабори муқими Дубай дар мусобиқаи овозхонии телевизионӣ аз миёни 1500 нафар шомили шашгонаи беҳтарин шудааст.
Ин мусобиқа “Абарситораи овозхонии Осиё” ном дошта, 7 ноябри соли равон дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон баргузор шудааст. Ясмина ҳамроҳ бо як наврас аз Филипин таронаи муштарак иҷро карда, сазовори баҳои баланди доварон мегардад. Дар шашгонаи беҳтаринҳо ба ҷуз Ясмина, Теҷасванӣ ва Шрея аз Ҳиндустон, Иан Крис аз Филипин, Шивҳарӣ аз Баҳрайн ва Сайид Ҳасан аз Бангладеш ворид гардидаанд. Дар ин мусобиқа аз кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи ҷанубӣ ширкат кардаанд ва Шафқат Аманат Алӣ, шаҳрванди Покистон онро доварӣ кардааст.
“Абарситораи овозхонии Осиё” аз сӯи телевизиони "Zee TV"-и Ҳиндустон пешниҳод мешавад ва яке аз барномаҳои пурбинандаи телевизионӣ шинохта шудааст.