Нигаронии Раҳмону Саллол дар Париж аз авзои Шарқи Наздик
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Абдулмалик Саллол, нахуствазири Алҷазоир мулоқот кардааст.
Дафтари матбуоти президент мегӯяд, ин мулоқот дар ҳошияи Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар Париж сурат пазируфт ва зимни он дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда, ки “мардумони шарифи кишварҳои қадимаи моро робитаҳои хеле амиқи таърихиву фарҳангӣ ва дини муштарак мепайванданд". Дар навбати худ ҷаноби Саллол гуфта, "мо низ ҳавасманди ҳамкориҳои хуб бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем ва кушиш ба харҷ медиҳем, ки дар самти иқтисоду фарҳанг ва энергетика ҳамкорӣ дошта бошем".
“Дар мулоқот доир ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, тиҷорати минтақавию байниминтақавӣ, ташкили корхонаҳои муштарак ҷиҳати коркард ва истеҳсоли маҳсулот аз меваву сабзавот, истихроҷи газу нафт ва бунёди корхонаҳои коркарди нафт гуфтугӯи судманд сурат гирифт. Изҳори умед карда шуд, ки минбаъд ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илм ва фарҳанг низ ба роҳ монда мешаванд”,-хабар медиҳад манбаъ.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон меафзояд, ҷонибҳо аз вазъи имрӯзаи минтақаи Шарқи Наздик изҳори нигаронӣ намуда, хоҳони ҳалли мусолиматомези бӯҳронҳои бамиёномада дар кишварҳои минтақа шуданд ва изҳори умед карданд, ки кишварҳои мусулмонӣ дар мубориза бар зидди экстремизму терроризм ҳамкории худро дар доираи Созмони ҳамкории исломӣ тақвият мебахшанд.