(ВИДЕО) Кумаки ҷамъияти тоҷикони ИМА ба ду бемор, ки аз мардум мадад хоста буданд
Ҷамъияти тоҷикони Амрико (Tajik Community In USA) ба Эмомиддин Холов, сокини 21-солаи ноҳияи Рашт, ки ду гурдааш корношоям шудаанду тавассути диалез зиндагӣ дорад, 1000 доллар кумак кард.
Ин кумаки ҷамъияти тоҷикони ИМА-ро рӯзи гузашта, 30 ноябр Аскаралӣ Саидов, бунёдгузори ҷамъият ва Далер Назаров, як узви фаъоли он дар дафтари “Озодагон” ба бародари Эмомиддин -- Насриддин тақдим карданд. Аскаралӣ Саидов дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, Исмоил Шарипов, раиси феълии ҷамъияти тоҷикони Амрико эълони кумак ба Эмомиддинро аз торнамои “Озодагон” хонда, аз аъзои ҷамъият даъват карданд, барои табобати бемор саҳм бигзоранд: “Ин даъват хуш пазируфта шуда, як миқдор маблағ ҷамъ гардид”.
Ӯ афзуд, дар баробари Эмомиддин ҷамъият ба як сокини ноҳияи Ҳисор, ки тавассути “Азия Плюс” барои табобати тифлаш аз мардум кумак хоста буд, 1000 доллар супурд.
Ҷамъияти тоҷикони Амрико соли 2008 бо ҳадафи ҳалли мушкил ва кумак ба тоҷиконе, ки муваққатан дар ИМА ба сар мебаранд, таъсис шудааст. Аммо ба гуфтаи ҷаноби Саидов, “ҳолатҳое мешавад, ки ҷамъият ба тоҷикони дар ватанбуда ҳам кумак мерасонад ва мисоли рушанаш сокинони ноҳияи Рашту Ҳисор мебошад”.
Эмомиддин Холов, сокини 21-солаи ноҳияи Рашт, ки ду гурдааш корношоям шудаанду тариқи диалез зиндагӣ дорад, аз сокинони Тоҷикистон барои табобаташ тавассути “Озодагон” кӯмак хоста буд. Ба гуфтаи Холов, се сол ба ин беморӣ гирифтор буда, аммо танҳо имсол огоҳ шудааст: “Вақте ба хизмати ҳарбӣ ба Помир рафтам, пас аз 12 рӯзи хидмат дар пойҳоям варам пайдо шуданд. Дар беморхонаи ҳарбӣ дар Помир ду моҳ хоб будам, беҳбудие нашуд, баъдан Қарияи боло ва “Медгородок” омадам, аммо бемориам рӯз то рӯз авҷ гирифт. Дар охир баъди вазнин шудани вазъи саломатиам муайян карданд, ки гурдаҳоям қариб аз кор мондаанд”.
Ин ҷавони тоҷик афзуд, дар ҳоли ҳозир таҳти назорати духтур буда, ҳафтае ду маротиба диалез мекунад ва бо ёрии бародараш роҳ мегардад. Насриддин Холов, бародари Эмомиддин, мегӯяд, тӯли чанд моҳ аст, ки ҳар ҳафта аз ноҳияи Рашт ба Душанбе барои диалез кардан меоянд ва дигар маблағе барои як бор диалез кардан надоранд, зеро ҳар маблағе, ки доштанд дар ин муддат харҷи роҳу диалез карданд. Ба гуфтаи Насриддин Холов, дар хонаашон касе дар ягон ҷой кор намекунад, худи ӯ ба деҳқонӣ ва нигоҳубини падараш, ки мубталои бемории қанд аст, машғул мебошад: “Ҳар гову моле, ки доштем, фурухта барои табобат сарф кардем. Қаблан Эмомиддин дар Душанбе кор мекард ва ба мо низ кумак мекард. Имрӯз ӯ бемор аст, дигар роҳи даромад надорем. Як бародари дигарамон ҳоло хурд аст”.
Табибон мегӯянд, вазъияти Эмомиддин вазнин буда, ба ҷарроҳии фаврӣ ниёз дорад, зеро ба гуфти онҳо як гурдааш комилан аз кор мондаву гурдаи дигараш ҳамагӣ 10-15% кор мекунад. Эмомиддин Холов мегӯяд, барои ҷарроҳии гурдаҳояш имкони молӣ надорад ва бинобар ҳамин аз Ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва шахсони саховатманду ташкилотҳои хайриявӣ хоҳиш дорад, ки ба ӯ дасти ёрӣ дароз кунанд. Афроде, ки имкони кӯмак ба Эмомиддин Холовро доранд, метавонанд бо рақамҳои 93 873 12 18, 987 12 24 38 дар тамос шаванд ё ба рақамҳои корти бонкии зерин маблағ гузаронанд: 4167552707600343 - Орёнбонк