Раиси Бонки миллӣ гуфт, саррофиҳо аз усулҳои ҳаннотӣ ва қаллобӣ истифода мебаранд...
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон иллати дар як муддати кутоҳ болоравии қурби долларро дар ҷумҳурӣ ба паст будани масъулият ва аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба дараҷаи зарурӣ ба роҳ монда нашудани назорат аз болои кори нуқтаҳои мубодилаи асъор унвон кардааст. Ӯ ин нуктаро дар ҷаласае оид ба вазъи феълии бозори дохилии асъор иброз доштааст.
Дафтари матбуоти Бонки миллӣ мегӯяд, дар ин ҷаласа вазъи феълии бозори дохилии асъор, сабабҳои баланд шудани қурби доллари ИМА ва роҳҳои ба эътидол овардани ҳолати баамаломада, пешгирӣ кардани омилҳои ҳаннотӣ ва қаллобӣ ҳангоми анҷом додани амалиётҳои хариду фурӯши асъор ба таври ошкоро ва ҷиддӣ баррасӣ гардидааст. Раиси Бонки миллӣ гуфтааст, “бо вуҷуди беҳтар шудани сатҳи хизматрасонӣ дар бонкҳо мушкилот ҳамоно дар самти назорат аз болои амалиётҳои марбут ба мубодилаи асъори хориҷӣ, ҷалби амонатҳо ва пешниҳоди қарзҳо ба аҳолӣ ҳодисаҳои ташвишовар ба қайд гирифта шудаанд”.
Ба қавли оқои Нурмуҳаммадзода, аз ҳолати беназоратӣ аз болои мубодилаи асъори хориҷа кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор аз усулҳои ҳаннотӣ ва қаллобӣ моҳирона истифода бурда, бидуни ягон асос қурби асъори хориҷиро баланд бардошта, даромади муфт ба даст оварданд.
Нигаронии Нурмуҳаммадзода аз болоравии қурби доллар дар ҳолест, ки дар саррофиҳои кишвар як доллар 7,35 харида ва 7,45 сомонӣ фурухта мешавад.