Н.Исоев: Тоҷикистон метавонад ҷойгузини мақоми Туркия дар бозори Русия бошад
Никита Исоев, раҳбари Институти иқтисоди муосири Русия гуфтааст, ҷои маҳсулоти кишоварзии Туркияро дар бозори кишвараш маҳсулоти Тоҷикистон мегирад. Ин мақоми рус гуфта, “Русия Тоҷикистонро ҳамчун шарики муҳим дар шароити тезу тунди ин кишвар бо Туркия мебинад ва метавонад ҷойгузини мақоми Туркия дар бозори русӣ бошад”.
Ба гуфтаи Никита, Тоҷикистон алакай ба Русия анор, себ ва хурмо содир мекунад. Ӯ аз қавли ҷониби Тоҷикистон гуфтааст, дар моҳҳои сентябр ва октябр 300 тон аз меваҳои зикршуда содир шудааст. Ҷаноби Исаев қайд карда, ки ҳоло дар вилоятҳои Суғду Хатлони Тоҷикистон қарор аст ду маркази логистикӣ бунёд шавад: “Ин марказҳо метавонанд содироти маҳсулотро бештар кунанд ва ҳамзамон ҷойҳои корӣ бунёд мешавад".
Ӯ аз қавли масъулини Хадамоти федеролии гумрук гуфтааст, содироти маҳсулоти ғизоӣ ва кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия дар моҳҳои январ–сентябри соли 2015 то 44.7% афзоиш ёфта, 1.9 миллион долларро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, “ин нишондоди он қадар боло нест, аммо мо барои бештар кардани ин захира дорем”.
Исоев қайд кардааст, ки Русия дар миёни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон дар ҷойи аввал қарор дорад. Тибқи иттилои Хадамоти федеролии гумрук, соли 2014 ҳаҷми гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон 928,3 миллион доллар будааст. Ин ҳисоб нисбат ба соли 2013, 23% бештар аст. Ба ин тартиб, содирот 23% афзоиш ёфта воридот 1.6% коҳиш ёфтааст.