Дар баробари ин қайд гардид, ки нақшаи ҷамъоварии 4 намуди андоз дар ҷумҳурӣ таъмин нагардидаст, ки дар натиҷа буҷети давлат дар нӯҳ моҳ аз 66 миллион сомонӣ маҳрум мондааст.Дар қатори калонтарин қарздорҳо, аз андозҳои ҷорӣ, ширкати «ТАЛКО» бо қарзи 28,7 миллион сомонӣ, ширкати «Барқи тоҷик» бо қарзи 20,6 миллион сомонӣ, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо нишондоди 11,6 миллион сомонӣ ва НБО – и «Сангтӯда-1» бо қарзи 2,5 миллион сомонӣ номбар шуданд.
Ҳамзамон, райиси кумитаи андоз қайд кард, ки айни ҳол ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бекор кардани 100 миллион сомонӣ қарзи андоз омода шуда истодаанд. Ба гуфтаи ӯ ин қарзҳо аз соли 2005 –ум пардохт нашуда, асосан ба ширкатҳое, ки аллакай барҳам хӯрдаанд, тааллуқ доранд.{jathumbnail off}