Идораи мубориза бо фасод: Президенту занаш $4.7 миллион дороии манқул доранд
Идораи олии мубориза бо фасоди идории Афғонистон дороиҳои Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури ин кишварро эълом кардааст.
Бар асоси омори ин ниҳод, оқои Ғанӣ ва Руло Ғанӣ, ҳамсари ӯ 320 миллион афғонӣ, ҳудуди 4.7 миллион доллар дороии манқул доранд. Гуфта шудааст, ин дороиро онҳо аз фурӯши амволи аҷдодашон дар Лубнон ва Амрико ба даст овардаанд.
Тибқи иттилои идораи мубориза бо фасоди Афғонистон, бештари дориоии Ашраф Ғанӣ ва Руло Ғанӣ муштарак аст. Дар ин иттилоия ба унвони мисол гуфта шудааст, ба ҳамсари раисиҷумҳури Афғонистон зевароте тааллуқ дорад, ки соли 1980 аз падараш туҳфа гирифтааст. Идораи мубориза бо фасоди Афғонистон нархи онро ҳудуди 46 ҳазор доллар баршумурдааст. Илова бар ин дар минтақаи Доруламони Кобул ба номи Ашраф Ғанӣ як хона сабт аст, ки арзиши кунунии он 5.22 миллион доллар ҳисоб шудааст.
Ба ин тартиб, ба иттилои ниҳоди мубориза бо фасоди Афғонистон ҳамсари Ашраф Ғанӣ як хона дар Вашингтон бо қиммати 328 ҳазор доллар дорад ва ин оила аз ҳуқуқи бознишастагӣ ва кирояи хонааш дар Амрико беш аз 81 ҳазор доллар ҷамъоварӣ кардааст. Инчунин Ғанӣ ва ҳамсари ӯ 8 ҳазор ҷилд китоб доранд, ки дар Кобул ва Бейрут, пойтахти Лубнон нигоҳдорӣ мешаванд. Арзиши ин китобҳои 14 ҳазор доллар ҳисоб шудааст.
Идораи олии мубориза бо фасоди идории Афғонистон афзудааст, ки раиси ҷумҳури ин кишвар ҳар моҳ аз Бонки ҷаҳонӣ 4 ҳазор доллар нафақа мегирад.