Баррасии лоиҳаи қонун, ки ба худдорӣ аз номгузории бегона таъкид мекунад
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ лоиҳаи қонун “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”-ро баррасӣ намуд, ки яке аз ҳадафҳои ин тарҳ номгузорӣ дар асоси фарҳанги миллӣ ва худдорӣ аз номгузории бегона гуфта мешавад.
Ҳилолбӣ Қурбонова, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ гуфтааст, лоиҳам мазкур бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи қонунгузории муосир ва уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, аз байн бурдани баъзе номутобиқатиҳои дохилӣ мебошад. Ӯ яке аз мақсадҳои дигари тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкурро “ба танзим даровардани номгузории ба пояҳои таърихӣ ва фарҳангии миллии тоҷикӣ асосёфта ва худдорӣ намудан аз номгузории бегона” арзёбӣ кардааст.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” гуфт, Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аз қабили масъалаҳои дигаре буд, ки дар ин ҷаласа мавриди баррасӣ қарор гирифт. Манбаъ мегӯяд, аъзои Шӯро ҳамчунин лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи алоқаи барқӣ”, дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷинояти Тоҷикистон, лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Тоҷикистон барои соли 2016, Созишнома оид ба маблағгузорӣ ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ миёни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд, Созишнома оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва ғайраро мавриди муҳокима қарор додаанд.