Манбаъ афзуд, кишоварзони вилояти Хатлон дар майдони 3.163 гектар замин кишти картошка гузарониданд, ки то имрӯз ҳосили майдони 2.866 гектар замин ҷамъоварӣ карда шудааст, ки 72%-и нақшаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Суғд дар майдони 6180 гектар замин картошка кишт шудааст, ки то имрӯз ҳосили майдони 3600 гектар замин ҷамъоварӣ карда шудааст ва он 55 дарсади нақшаро дарбар мегирад. Дар хоҷагиҳои ноҳияҳои тобеи марказ бошад, майдони кишти картошка ҳамагӣ 5.300 гектар буда, нақшаи истеҳсол 116.535 тоннаро нишон медиҳад. Айни ҳол 4.439 гектари он ҷамъоварӣ шуда, 79%-и нақшаи солона иҷро кардаанд. Хоҷагидорони вилояти ВМКБ бошанд, дар масоҳати 1.385 гектар кишти картошка гузаронида, то имрӯз майдони 873 гектари онро ҷамъоварӣ кардаанд. Нақшаи истеҳсол баробари 29 ҳазор тонна буда, алҳол 16.964 тонна ҳосил ғундошта шудааст.{jathumbnail off}