Таъкиди муфтӣ барои парҳез аз гуруҳу мазҳабҳои дигар
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон аз ҷавонон ва шаҳрвандони кишвар даъват кард, аз пайравӣ ба равия ва мазҳабҳои дигар парҳез кунанд.
Ӯ имрӯз, 27 ноябр зимни хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказӣ бо таъкиди ин нукта, ки бештари мусалмонони кишвар пайрави мазҳаби Имоми Аъзам Абуҳанифа ҳастанд, аз намозгузорон даъват кард, аз пайравӣ ба равияҳои дигар монанди салафии такфирӣ ва монанди инҳо парҳез кунанд ва наздикону дӯстони худро ҳам огоҳ кунанд. Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон бори дигар аз хавфи мазҳаби шиаи исноашараи 12 имома зикр кард. Ӯ дар гузашта низ чанд маротиба дар хутбаи намози ҷумъа таъкид карда буд, ки “гуруҳҳое наве бо номи салафияи такфирию салафияи ҷиҳодӣ ва шиаи дувоздаҳимома пайдо шудаанд, ки ҳадафи ноором кардани ҷомеаи моро доранд”.
Сайидмукаррам Абдулқодирзода дар идомаи суҳбати имрӯзааш дар бораи ҳизбу ҳаракатҳо ва гуруҳҳои ифротӣ гуфт, ки аз номи Ислом баромад мекунанд. Ба қавли ӯ, “ҳар фитнае, ки дар олами Ислом сар мезанад, аз дасти ҳамин гуруҳҳои ифротгаро ва бо ном исломӣ аст”.
Ба иддаои раиси Шӯрои уламо, ҳар нафаре, ки ба ин гуруҳҳо шомил мешавад, мавриди истифодаи абарқудратҳо қарор мегирад. Зеро ба таъкиди вай, “имрӯз барои заиф кардани Ислом чунин гуруҳҳо таъсис дода шуда, дар вақти зарурӣ бар зидди ҳам мешуронанд, ки дар натиҷа мусалмон мусалмон мекушад”.