Ҳушдори мақомот: Марҷона Аланазарова шояд ҳамчун маргталаб истифода шавад
Мақомоти умури дохилии ҷумҳурии Бурятии Русия бо нашри аксҳои Марҷона Аланазарова, зани 27-солаи тоҷик гуфтааст, шояд аз сӯи гуруҳи ДИИШ ба ҳайси маргталаб истифода шавад.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, аксҳои Аланазарова дар тамоми нуқтаҳои савдои шаҳри Улан-Удэ-и Буряти паҳн шудааст. Боир Дондубон, як масъули маркази савдои “Титан”-и ин шаҳр гуфтааст, маълумот оид ба Аланазарова аз Вазорати умури дохилӣ ворид шуд ва шурӯъ аз 20 ноябр дар ҳама нуқтаҳои савдо паҳн гардид.
Марҷона Аланазарова модари се фарзанди хурдсол муаррифӣ шуда, зодаи ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон будааст. Ба иттилои расонаҳо, ӯ моҳи сентябри соли 2014 бо се тифлаш назди холааш Русия меравад ва дар як корхонаи дузандагӣ ба кор медарояд: “Аммо баъди як соли будубош дар Маскав авалҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ бе огоҳ кардани шавҳараш, ба Сурия меравад”.
Моҳи сентябри соли ҷорӣ, Марҷона Аланазарова аз Сурия тариқи интернет ба шавҳараш -- Фаррух Аланазаров пайғом фиристода, хоҳиш кардааст, ӯро ба Тоҷикистон баргардонанд, вагарна аз ӯ “фидоӣ” месозанд.