Лағви мулоқоти Путину Эрдуғон баъди сарнагун шудани ҷангандаи русӣ
Дидори руасои ҷумҳури Русия ва Туркия ба дунболи сарнагун шудани як ҳавопаймои ҷангандаи русӣ тавассути неруҳои ҳавоии Туркия, лағв шудааст.
Раёсати ҷумҳури Русия эълом доштааст, барномаи гуфтугуҳои Владимир Путин ва ҳамтои туркаш -- Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ки қарор буд нимаи моҳи оянда сурат гирад, лағв шудааст.
“Коммерсант” аз қавли манбаи худ дар Кремлин навиштааст, ин нишаст миёни сарони ду кишвар дар Петербург дар тарихи 15 декабр дар назар гирифта шуда буд. Ин мақом бо худдорӣ аз ифшои номаш гуфтааст, имкон дорад барномаҳои дигари миёни Русия ва Туркия дучори чунин сарнавишт шаванд.