Полоишгари организм
Маркази матбуоти Бемористони Ибни Сино
Асоситарин вазифаи гурда - бартараф намудани пасмондаҳо ва ба пешоб табил карани онҳо мебошад. 8 литр хун дар дохили бадани мо дар як рӯз аз 20 то 25 маротиба тавассути гурдаҳо мегузарад. Яъне дар якҷоягӣ ин узвҳо қариб 180 литр хунро дар ҳар 24 соат филтр мекунанд. Таркиби хуни мо бо сабаби истеъмоли хӯрок ва нӯшиданиҳо доиман таъғир меёбад, бинобар н зарурати кори мунтазами гурдаҳо боз ҳам аҳамиятноктар мегардад. Хун ба гурдаҳо тавассути рагҳои шараёнӣ (артерия) ворид мегардад, ин рагҳо шоха шоха шуда, оқибат ба рагҳои тунуке мубаддал мегарданд ва бо нефронҳо, таркибҳои асосии дохили гурдаҳо печида мегиранд. дар ҳар гурда қариб миллион нефрон қарор доранд, ки дар якҷоягӣ майдони пурзӯри филтрҳо ва датчикҳоро ба вуҷуд меоранд, ки хунро дақиқ поксозӣ мекунад.
Маҳз дар ҳамин ҳангом, то чи андоза нозук ва дақиқ будани ин систем маълум мегардад. Барои поксозии хун ҳар нефрон аз ду асбоби пурзӯр истифода мекунад. Таркиби саққомонанд, ки клубочка номгузорӣ шудааст ва найчаи дарози кашидашуда бо исми роҳча (каналец). Клубочка ҳамчун элак кор мекунад ва ба роҳча танҳо моддаҳои муаянро барои мисол минералҳо ва витаминҳоро мегузаронад. Баъдан рагҳо ба кор шурӯ мекунанд ва вазифаашон муаян намудани зарурати ин моддаҳо барои бадан мебошад. Агар онҳо барои бадан лозиманд, ба миқдори зарури ҷаббида мешаванд ва ба ҷараёни хун ҳамроҳ мегарданд. Аммо дар хун на фақат моддаҳои фоидабахш мавҷуданд, дар он инчунин пасмондаҳо вуҷуд доранд ва нефронҳо бояд ба хулосае оянд, ки бо ин пасмондаҳо чи кор кунанд. Роҳчаҳо моддаҳои ба организм нодаркорро (масалан мочевина ё карбамид, партови мубодилаи сафеда дар организми одам) муаян намуда, онҳоро тариқи пешоб тавассути ду нойи дароз, ки роҳи шоша (ё пешобгузар) номида мешавад, аз гурда хориҷ мекунанд. Оканаи ин роҳҳо ба масона мерасад ва аз онҷо ин пасмондаҳо барои ҳамеша бадани моро тарк мекунанд. Агар дар хун об аз ҳад зиёд ҷамъ гардад, гурда онро низ тавассути пешоб ихроҷ мекунад. Аз тарафи дигар сатҳи пасти об дар хун гурдаҳоро маҷбур месозад қисмате аз онро ба ҷараёни хунгард бозгардонанд. Он гоҳ дар пешоб об камтар мегардад.
Ба ҳамин хотир пешоб зард мегардад. Назорати ҳаҷми об ба гурдаҳо имкон медиҳад сатҳи моеъро дар организм ба тартиб дарорад ва ин назорати дақиқ охири кори онҳо нест. Гурдаҳо қобилияти аз ин бештар доранд. Ин узвҳо инчунин қобилияти истифодаи витамини D ро барои тарашшӯҳи (секреция) ҳормони Ренин, ки фишори хунро боло мебарад ва ҳоромони Эритропоэтин, ки истеҳсоли зарраҳои хунии сурхро зийд мекунад, доро мебошанд. Бе гурдаҳо моеъ дар бадани мо аз назорат хориҷ мегардид. Баъд аз ҳар ғизохурӣ, хуни мо бо порси навбатии моддаҳои тозанашуда пур мешуд ва баъд аз чанде организми мо аз пасмондаҳо лабрез гардида фаъолияти кориашро аз даст медод ва мо ҷон ба ҷонофарин таслим мекардем. Яъне ҳар як гурда, на фақат ҳама чиро зери назорат қарор дорад, балки нигаҳбони ҳаёти мо низ ҳаст. Ва чи хуб ки ин лӯбиёшаклони мӯҷизаофар дар бадани мо ду донаанд.
Ҳамзамон хотирнишон месозем, мизоҷоне, ки аз ташкилоти "Суғуртаи миллӣ" полиси суғуртавии тиббии яксолаи яке аз се барнома: "Классика", "Нуқраӣ" ва "Тиллоӣ" - ро харидорӣ мекунанд, ба таври автоматики иштирокчии бозии бурднок мегарданд ва имкони бурд намудани ҷоизаҳои пулӣ дар ҳаҷми 5 000, 10 000 ва 20 000 сомониро пайдо мекунанд.