Талаби 1000 доллар барои халос кардан аз хидмати ҳарбӣ
Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз боздошти як корманди Шӯъбаи маориф хабар медиҳад, ки дар гирифтани 1000 доллари амрикоӣ муттаҳам мешавад.
Ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, Тоҷиддин Турдиев, методисти омодагии дифои ҳарбӣ дар Шӯъбаи маорифи шаҳри Ваҳдат аз шаҳрванд “Ғ” барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани бародараш 1000 доллари амрикоӣ талаб кардааст: “Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ Турдиев Тоҷиддин баъди ба сифати пора аз шаҳрванд “Ғ” гирифтани маблағи 1000 доллари амрикоӣ дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуд”.
Манбаъ меафзояд, нисбати дастгиршуда дар асоси қисми 1-и моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.