Набиҷон Пирматов, таҳиягари филми “Арӯси замонавӣ” иқрор шуд, ки идея ва бархе аз саҳнаҳоро аз филми узбакии “Келгинди келин” гирифтааст.
Пирматов, муаллифи сенария, коргардон ва ҳунарманд, ки нақши асосиро дар филми “Арӯси замонавӣ” бозидааст, имрӯз, 26 ноябр дар суҳбат бо “Озодагон” иқрор шуд, ки идеяи филм ва баъзе саҳнаҳои “Арӯси замонавӣ” аз филми узбакии “Келгинди келин” (Аруси худомада) ва як филми ҳиндӣ гирифта шудааст: “Идеяи филми “Арӯси замонавӣ” аз филми узбакист, ки ба ҳаёти ман монанд буд ва ба он тағйироту иловаҳо даровардам. Аслан идеяи ҳам филми “Арӯси замонавӣ” ва ҳам “Келгинди келин” аз филми ҳинду буда, узбекҳо ба он тағйироти зиёд ворид кардаанд ва ман низ дар филмам аз ҳаёти худам тағйирот ворид кардам”.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар бозори фиттафурӯшии Тоҷикистон фиттаи саҳнаҳои рӯбардоршудаи “Арӯси замонавӣ” аз филми Келгинди келин” пайдо шуд, ки харидорони зиёд пайдо намуд.
Оқои Пирматов дар шарҳи қазия гуфт, як филми ӯ не, балки се-чор филми дигари тоҷикӣ аз узбакӣ рӯбардор шудаанд, аммо “Аруси замонавӣ”, ки ба гуфтаи ӯ машҳур шудааст мавриди баҳсҳои зиёд қарор гирифтааст.
Набиҷон Пирматов гуфт, дар ҳоли ҳозир ба наворбардории қисми дуюми филми мазкур машғул аст, ки пурра нав аст ва аз ягон ҷо рӯбардор нашудааст: “Дар ҳоли ҳозир 80 дарсади қисми дуюми филм наворбардорӣ шуда, авалҳои моҳи феврал ба намоиш гузошта мешавад”.ВИДЕОИ саҳнаҳои рӯбардоршудаи "Арӯси замонавӣ":