Ҳукумат: Хадамоти алоқа баъди “ок”-и мақомоти амният иҷозат диҳад
Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки минбаъд Хадамоти алоқа ба дастраскунандагони алоқаи моҳворагӣ дар кишвар танҳо баъди иҷозаи мақомоти амниятӣ иҷозати фаъолият бидиҳад.
Ҳукумат моҳи равон бо иловаи зербанди иловагӣ ба қарори қаблияш дар бораи иҷозатномадиҳӣ барои бархе аз намудҳои фаъолият, муқаррар намуд, ки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон барои фаъолияти операторҳои алоқаи моҳворагии инфиродию умумӣ танҳо баъди тасдиқи мақомоти амниятӣ иҷозат диҳад.
Алоқаи моҳворагӣ дар шароити минтақаи куҳсору мушкилгузари Тоҷикистон муфид арзёбӣ мешавад, чун дар бисёри минтақаҳои куҳӣ зичии аҳолӣ низ кам асту таъмини алоқаи мобилӣ мушкил арзёбӣ мешавад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи мубориза бо терроризмро тасдиқ кард, ки тибқи он дар ҳолатҳои зарурӣ, аз ҷумла зимни амалиёти зиддитеррористӣ мақомоти амниятӣ метавонанд дастрасӣ ба алоқаю интернет на танҳо дар минтақаҳои алоҳида, балки дар тамоми қаламрави Тоҷикистонро масдуд кунанд.