Равоншинос: Касе аз кору меҳнат намурдааст
Мутахассисони Маркази бӯҳрони “Боварӣ ба фардо” мегӯянд, шурӯъ аз моҳи январ 824 нафар ба онҳо шикоят намуда, аз мавриди зуроварӣ қарор гирифтанашон хабар додаанд.
Ин марказ имрӯз, 25 ноябр дар рӯзи оғози 16 рӯзи бидуни табъиз дар шаҳри Душанбе конфронсе баргузор намуд. Дурсултон Шоҳназирова, ҳуқуқшиноси Маркази “Боварӣ ба фардо” иброз дошт, дар ҷомеи Тоҷикистон барои мардон гирифтани 2-3 зан “муд” шудааст. Аз ин рӯ мардон нисбати занони худ беэҳтиромӣ намуда, ҳуқуқҳои онҳоро поймол мекунанд. Хонум Шоҳназирова аз як муштарии 21-солаи худ мисол овард, ки шавҳараш қасди талоқи ӯро дорад. “Шавҳараш ба ин зан гуфтааст, “ту пир шудаӣ” ва мехоҳад ягон зани 14-соларо гирад”,-афзуд ӯ.
Ба гуфтаи Шоҳназирова имрӯз аксари падару модарон ба пулу моли домод нигоҳ карда, духтарони худро ба никоҳи онҳо медароранд, ҳол он ки намедонанд оилаи домодшаванда чигуна инсонанд: “Бойгарӣ ин дар пулу мол нест, балки дар хушбахтиву саломатӣ мебошад. Ҳоло дар қонунгузории мо издивоҷи ҷавонон аз 18-сола муайян шудааст, вале суоле ба миён меояд, ки оё ин ҷавонон аз уҳдаи зиндагӣ мебароянд?”
Вай дар идома пешниҳод намуд, ки духтарон нахуст соҳиби касбу ҳунар шуда, баъд хонадор шаванд: “Бояд ҷавонони мо донанд, ки кай омодаанд барои хонадор шудан. Дар зӯроварии ҳамсояву наздиконамон бетараф набошем, алалхусус нозирони минтақавӣ. Онҳо бояд рӯйхати ҳар як хонаводаро дар даст дошта бошанд, ки кадоме аз онҳо бо чӣ кор машғуланд”.
Сабаби афзоиши зуроварӣ дар оиларо ҳуқуқшиноси Маркази бӯҳрони “Боварӣ ба фардо” дар тарбияи падару модар мебинад. Ба гуфтаи ӯ, агар падар дар пеши писар ҳамсари худро латту кӯб кунад, пас писар низ дар оянда ҳамсари худро зери мушту лагад мегирад: “Яъне, ин писар фикр мекунад, ки падараш модарашро зад ва модараш ба гапи падараш кард, пас ӯ низ ҳамсари худро латту кӯб намуда, фикр мекунад, ки аз ин зиндагиаш беҳтар мешавад”.
Дурсултон Шоҳназирова ба масъалаи худкушии занон ҳам дахл карда гуфт, яке аз сабабҳои худкушӣ маҳз зуроварӣ мебошад: “Мо мегӯем, ки дар мо буҳрон аст, вале дар баробари нону либос надоштан, занони мо боз аз меҳру муҳаббати шавҳару наздикони шавҳар маҳруманд, аз ин рӯ даст ба худкушӣ мезананд. Барои ҳамин мо набояд дастнигарӣ падару модар ва ё шавҳар бошем, бояд касб омӯхта, зиндагиамонро пеш барем”.
Дар ҳамин ҳол Зарина Кенҷаева, равоншиноси маркази мазкур иброз дошт, занони мо гендер-баробарҳуқуқӣ гуфта, набояд ба ҷониби шавҳарони худ садо баланд кунанд. Чунки ба гуфтаи ӯ, ин амал ба ҷудоӣ оварда мерасонад: “Бояд миёни зану шавҳар эҳтиром бошад. Мардон низ ба ҳамсарони худ дар корҳои хона кумак кунанд. Касе аз кору меҳнат намурдааст”.