Насби 50 “биоҳоҷатхона” дар маркази Суғд (АКС)
Дар шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд 50 “биоҳоҷатхона” насб кардаанд. Ин “биотуалет”-ҳоро ҶДММ “Лекс” насб намудааст.
Шуҳрат Тоҷибоев, намояндаи ин ширкат ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, ин “биоҳоҷатхона”-ҳо дар мувофиқа бо шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ насб шудаанд: “Биотуалет”-ҳо аз кишвари Русия оварда шуда, давоми як ҳафта мешавад, ки дар манотиқи мухталифи шаҳри Хуҷанд онҳоро насб карда истодаем”.
Ба гуфтаи ӯ, ин “биотуалетҳо” дар назди Регистони Панҷшанбебозор, Арт-галерея, мағозаҳои Қайроққум, Анис, маҷмӯаи фаввораҳои муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, даромадгоҳи Ҷумъабозор, Боғи Ғалаба, Автовокзали куҳна, меҳмонхонаи Эҳсон ва Беморхонаи вилоятӣ гузошта шудаанд: “Дар чанд нуқтаи дигари Хуҷанд ва шаҳри Чкалов низ насб карда истодаем, ки рӯзҳои наздик фаъол мегарданд”.
Барои истифода аз ин “биотуалет”-ҳо мисли ҳоҷатхонаҳои шаҳр 50 дирам ситонида мешавад. Ба қавли масъулин, кормандони “Водоканал” дар ду рӯз як маротиба онро тоза мекунанд.
Мадина, як сокини шаҳри Хуҷанд аз насби чунин “ҳоҷҷатхонаҳо” истиқбол намуда, мегӯяд, “шояд ба назари аввал камтар “нобоб” намояд, аммо ин гуна ҳоҷатхонаҳо воқеан ҳам заруранд. Мо сокини ҳамин шаҳрем, вале агар ягон меҳмон биёяд, ҳама нуқтаҳои шаҳрро намедонад ва барои қазои ҳоҷат намедонад куҷо равад”.
Фарҳод, бошандаи 35-солаи шаҳри Хуҷанд мегӯяд, аслан ба насби онҳо ҳеч зарурат набуд: “Хуб мебуд, дар ягон атрофи шаҳр мегузоштанд, чун дар марказ симои шаҳрро вайрон месозад”.
Аз дафтари матбуоти шаҳрдори Хуҷанд ба хабаргузории “Озодагон” гуфтанд, барои фаъолияти ин гуна ҳоҷатхонаҳо то 31 декабри соли 2017 иҷоза дода шудааст.