Эълони 2 унвони нави Э.Раҳмон тариқи шабакаҳои давлатӣ (АКС)
Зимни гузориши телевизионӣ аз тантанаҳои идона ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки бегоҳи 24 ноябр дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва 16 ҳазор нафари дигар дар Наврӯзгоҳи пойтахт доир гардид, ду унвони нави раҳбари Тоҷикистон эълон карда шуд.
Дар гузориш, ки тариқи ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон пахш гардид, Эмомалӣ Раҳмон пешвои миллат ва асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муаррифӣ гардид.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маросими таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ изҳор дошт, ки "вақте ки дар ин ё он гӯшаи олам парчами тоҷикон ба ифтихори дастовардҳои варзишиву фарҳангии фарзандони Ватанамон афрохта мегардад, сари мо – тоҷикон баланд мешавад ва обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам мустаҳкам мегардад".
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки "қарзи шаҳрвандии мост, ки эҳтироми рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчамро ба ҷо орем, ҳамеша ва дар ҳама ҷой онро гиромӣ дорем, барои ҳимояи он ва поку муқаддас доштани он бо тамоми ҳастӣ омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ бо ҳифзи Ватан, падару модар, аҳли хонавода ва пос доштани суннатҳои халқи худ баробар аст".