Раҳимаи 21-сола 11 рӯз инҷониб бедарак аст
Раҳима Тавакалова, сокини 21-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ 11 рӯз мешавад, бедарак аст.
Наздикони Раҳима ба “Озодагон” гуфтанд, ӯ 14 ноябри соли равон аз манзилашон, воқеъ дар деҳаи Лоҳутии ҷамоати деҳоти Туғалак баромада, то ҳол барнагаштааст.
Пайвандони Тавакалова аз нафароне, ки ӯро ҷое дидаанд ё дар борааш маълумоте доранд, хоҳиш доранд, ба рақамҳои зерин тамос бигиранд: 93 174 21 20, 93 840 60 60.