Убайдуллоев ба Санкт-Петербург рафт
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон субҳи имрӯз, 25 ноябр дар раъси як ҳайат ба Санкт-Петербурги Русия сафар кардааст.
Аз Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ оид ба робитаҳои байнипарлумонӣ ба “Озодагон” гуфтанд, ин ҳайат дар ҷаласаи Шӯро ва иҷлосияи чилусеюми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои-иш-тирокчии Иттиҳоди давлатњои мустақил, инчунин иҷлосияи ҳаштуми пленарии Ассамблеяи пар¬лумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок хоҳад кард. Ин ҳамоишҳо 26 ва 27 ноябри соли равон баргузор мешаванд: “Дар ин сафар раиси Маҷлиси миллиро раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ¬лиси олӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси милл оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳиф¬зи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Раҳимӣ Фарҳод, раиси Кумитаи Маҷлиси мил¬лӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷ¬¬лиси миллӣ бо Маҷлиси намоянда¬гон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, узви Кумитаи Маљлиси миллии Маҷ¬лиси олӣ оид ба иқтисодиёту коммуни¬катсия Самадов Зикрихудо Муҳаммадаюбхонович ҳамроҳӣ менамоянд”.
Ба қавли манбаъ, дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узвит Иттиҳоди кишварҳои мустақил ва Ассамблеяи пар¬лумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мулоқоту вохӯриҳои раиси Маҷлиси миллӣ бо роҳбарони парламентҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар назар аст.