Устоде, ки донишҷӯю тағояшро дашном дод, аз кор озод шуд
Саъдулло Ситамов, номзади илмҳои физикаю математика, устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа, ки бо алфози қабеҳ донишҷӯёнро дашном дода буд, аз кор озод гардид.
Дар ин бора манобеи "Озодагон" аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа хабар доданд. Номи Саъдулло Ситамов баъди нашри навори дашномдиҳияш дар интернет вирди забонҳо шуд. Навори дашномдиҳии Ситамов, ки 20 ноябр дар интернет нашр гардид, ба иттилои масъулини маориф соли гузашта сабт шудааст.
Ин навори 1 дақиқаю 40-сониягӣ, ки зоҳиран тариқи телефони мобилӣ пинҳонӣ сабт шудааст, аз аввал то охир дашномҳои қабеҳро дар бар мегирад.
Навор аз он оғоз меёбад, ки зоҳиран муаллим аз ифшои як гап нороҳат шудааст: “Кӣ гуфт? Кӣ гуфта бошад? Наход падарлаънат нисбат ба муаллим ҳамин хел гӯӣ? Ман як шухӣ кардам”-гӯён омӯзгор дар идома дашном медиҳад.
Дар хитоб ба донишҷӯён омӯзгор афзуд, ки “инсон набошам, ҳамин хел ай думум мегардед, зора мекунед” ва илова намуд, ки “тағои овардагитона ҳам фалон мекунам”.
Устод зоҳиран бо ишора ба мавсими имтиҳону санҷишҳо изҳор медорад, ки “туалет ҳам меравӣ, меоянд, ки муаллим як баҳои 3 бимон”.
“Наход муаллима ҳамин хел гап гӯӣ”- гӯён омӯзгор тарбиятгари донишҷӯёнро низ дашном медиҳад.
Дар пайи роҳ ёфтани ин навор ба интернет корбарон муомила ва дашномдиҳии қабеҳи омӯзгорро маҳкум карда, қисмеяшон таъкид намудаанд, ки чунин шахсон набояд ба низоми маориф роҳ дода шаванд.