Духтарчаи 9-солаи тоҷик бедарак шудааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз бедарак шудани як духтарчаи 9-солаи тоҷик хабар додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод Идимоҳ Давлатов, соли таваллудаш 2006, истиқоматкунандаи ноҳияи Хуросон, 22-юми июли соли равон аз хона баромада, бо сабабҳои номаълум то ҳол бедарак аст.
Ин ниҳод аз афроде, ки дар бораи Идимоҳ иттилоъ доранд, хоҳиш намудааст, ки тариқи телефонҳои 221 21 21 ё 227 98 98 ба мақомоти умури дохилӣ хабар диҳанд.