Мансаби нави Холназаров, домоди бародари Президент
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, Баҳром Холназаров, сафири пешини Тоҷикистон дар Қазоқистон раҳбари нави Сарраёсати консулгарии кишвар таъин гардид.
Дар ин бора ба “Озодагон” Абдулфайз Атоев, сухангуи Вазорати умури хориҷӣ хабар дода, афзуд, ки ҳудуди як ҳафта пеш Холназаровро Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии кишвар ба вазифаи сардори Сарраёсати консулгарӣ таъин кард.
Курсии сардори Сарраёсати консулгарӣ аз моҳи майи соли равон, баъди барканории Ҷамшед Каримзода аз ин мақом, то ҳозир холӣ буд.
То оқои Каримзода дар ин курсӣ Манучеҳри Маҳкам, писари Маҳкам Маҳмудзода, раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон ва аз ӯ пештар Ҷамолиддин Убайдуллоев, писари Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе такя зада буданд. Баҳром Холназаров, раҳбари тозатаъини Сарраёсат домоди бародари раисиҷумҳури Тоҷикистон муаррифӣ мешавад.