Э.Раҳмон дархости СММ-ро напазируфт: Қонунҳо имзо шуданд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 23 ноябр, қонунҳои навро ба имзо расонд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қонунҳо «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи бозори қоғазҳои қимматнок»-ро имзо кардааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур таъкид мекунад, ки қонунҳои қабулгардида дар маҷмӯъ ба ҳифзи инсон ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиатҳои давлат, пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, рушди фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа равона шудаанд.
Қаблан бархе аз намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз тағйироти қонунҳо дар бораи адвокатура ва созмонҳои ҷамъиятӣ изҳори норозигӣ карда буданд. Аз ҷумла Дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид аз қабули қонун дар бораи Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хоста буд, ки зери ин қонун имзо нагузорад. Ин ниҳод зимни дархосташ гуфта буд, тағйру иловаҳои нави қонун дар бораи Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба фаъолият созмонҳои ғайриҳукуматӣ таъсири манфӣ мегузорад.
Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 10-уми июн тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ”-ро ба тасвиб расонд, ки тибқи он созмонҳои ҷамъиятӣ уҳдадоранд, сарчашмаи маблағгузорияшонро ифшо кунанд.
Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон он замон зимни муаррифии ин лоиҳа изҳор дошт, ки бо қабули ин меъёр созмонҳои ҷамъиятӣ уҳдадоранд, дар бораи сарчашмаҳои маблағгузорияшон ба мақомоти тоҷик иттилоъ диҳанд. Ба гуфтаи ӯ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ вазифадоранд, даромадашонро дар феҳристи махсуси ёрии башардӯстона сабт кунанд. Ӯ таъкид намуд, ки ҳеч маҳдудияте дар пайи қабули ин қонун роҳандозӣ нахоҳад шуд.