Таҳияи лоиҳаи қонун дар бораи Э.Раҳмон-пешвои миллат
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи қонуни нав дар бораи Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат таҳия кардаанд.
Тавре аз Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, имрӯз, 23 ноябр дар ҷаласаи Шӯро, таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат“ баррасӣ гардид: “Лоиҳаи мазкур, ки аз ҷониби гуруҳи вакилони Маҷлиси намояндагон таҳия шудааст, барои хулосабарорӣ ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ирсол гардид”.
Ин дар ҳолест, ки қаблан пешниҳоди расман пешвои миллат номидани Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби як гуруҳ олимон баҳсҳои ҷонибдорону мухолифон ба бор оварда буд.
Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академияи улуми Тоҷикистон бо нашри як матлаб бо номи “Дурнамои идеяи «пешвои миллат» дар Тоҷикистон” ба пешвои миллат номидани Эмомалӣ Раҳмон мухолифат кардааст. Ин идея аз ҷониби академик, Носир Салимӣ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Холмаҳмад Самеъ, декани факултаи муносибатҳои байналхалқии ДМТ дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” (2.04.2015) ва баъдан дар торнигори сайти Ҳизби ҳокими халқи демократӣ нашр шуда буд.
Пажуҳандагони ин Маркази Академияи илмҳо гуфтаанд, ки тарҳи мавзуи «Пешвои миллат» метавонад дар раванди демократикунонии ҷомеа саддеро ба вуҷуд оварда, ояндаи давлатдории дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро зери суол гузорад: “Зеро дар ҳеч як кишвари демократӣ чунин масъалагузорӣ дурнамои рушди ҷомеаро муайян накардааст ва нахоҳад кард, чунки ҳар давлати демократӣ такя ба мардум мекунад ва ҳукуматҳои ин гуна давлатҳо аз иродаи мардум сарчашма мегиранд”.
Олимони ин ниҳод гуфтаанд, ки “давлат категорияи фарогири мардум ва ҳукумат аст, дар ҳоле ки ҳукумат дар як замони муайян вобаста ба қонунҳои муайяншуда, муносибати байни шаҳрвандонро танзим менамояд. Дар ин гуна система мафҳум ё падидаи «пешво» вуҷуд дошта наметавонад, балки мақомоти ҳукуматӣ мудирияти соҳаҳои алоҳидаро ба роҳ мемонанд, аз он ҷумла, салоҳиятҳои мақоми президентиро. Дар ҷомеаи демократӣ Президент мақоми олиест, ки таъминкунандаи сохти конститутсионӣ ва кафили муносибатҳои ҳуқуқбунёд мебошад. Дар давлатдории демократӣ аз мақоми Президент дида мақоме болотаре чун «пешво» вуҷуд надорад. Идеяи пешниҳодшудаи «пешво» аз як тараф ҳамин гуна мақоми олиро сарфи назар карда, зиддияти қонунӣ дошта аз тарафи дигар арзишҳои низомҳои теократию авторитариро аз нав эҳё мекунад, ки хилофи арзишҳои давлатдории демократӣ мебошад”.
Академик Носир Салимӣ ва Холмаҳмад Самеъ дар матлаби худ пешниҳод карда буданд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба таври расмӣ пешвои миллат номида шавад. Онҳо бо арзёбии нақш ва рисолати пешво дар тӯли таърих пардохта шахсиятҳое аз қабили Рузвелт, Дэн Сяопин, Ли Куан ва Махатхир Муҳаммад чун пешвоҳои муваффақи миллӣ дониста Эмомалӣ Раҳмонро ҳам аз қабили онҳо донистаанд: “Саргузашти пешвои мо дар оғоз ба ҳолати сиёсии роҳбарони миллии муваффақ, ки зикрашон гузашт, шабеҳаст. Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омад, ки Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, мардум ба парокандагиву гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯбарӯ буд. Дар ин вазъи нобасомон табиист, ки рисолати асосии пешво – ба созиш овардан ва муттаҳид сохтани гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа дар асоси идеяҳои нав, арзишҳо ва идеалҳои миллӣ мебошад”.
Дар шумораи 9.04.2015-и ҳафтаномаи Тоҷикистон як гуруҳ олимон Бобоҷон Самиев ва Рамазон Назариев, докторҳои илми фалсафа, Зикров Ҳ, ва Р. Давлатов номзадҳои илми фалсафа бо дастгирӣ аз матлаби Носир Салимӣ ва Холмаҳмад Самеъ матлабе бо номи “ Пешво ифодагари ваҳдату қудрати давлат аст” нашр намуда, пешниҳод намудаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон шоистаи пешвои миллат ном гирифтан мебошад.
Вале муҳаққиқони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академияи улуми Тоҷикистон ин идеяро як “пешниҳоди бемавқеъ” дониста, гуфтаанд, ки одатан ин гуна зиёиён дар баробари мушкилоти имрӯзи ҷомеа ва бархурдҳои идеологӣ бетараф ҳастанд ва ба хотири манфиатҳои худ мавқеашонро зуд ба осонӣ метавонанд иваз намоянд.
Муаллифони матлаби мухолифат ба пешвои миллат номидани Эмомалӣ Раҳмон аз Маркази оянданигарии Академияи илмҳо гуфтаанд, ки зиёиён ба ҷойи чунин пешниҳодҳои бемаврид, “бояд дар андешаи роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷомеа бошанд ва барои Консепсияи рушди миллиро то соли 2050 (Ин консепсия имсол зимни вохӯрии Президент бо зиёиён пешниҳод гардид) таҳия, пешниҳод ва расонаӣ намоянд, то ки ҳукумат ба мардум наздик шавад ва мардум ба ҳукумат эътимод пайдо кунад”.