Эълони роҳбандӣ барои роҳпаймоӣ ба муносибати рӯзи Парчам дар Душанбе
Ҳукумати шаҳри Душанбе мегӯяд, фардо 24-уми ноябр барои таҷлили рӯзи Парчами давлатӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт маҳдуд хоҳад шуд.
Тибқи иттилои шаҳрдории Душанбе 24-уми ноябр роҳпаймоии ҷавонону донишҷўён соати 11:00 оғоз гардида аз назди муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино то Маҷмааи Ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ идома меёбад.
Дар ин робита Вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки таърихи 24-уми ноябри соли 2015, ҳангоми баргузории чорабинӣ-роҳпаймоӣ дар хатсайри Муҷассамаи Сино - тавассути хиёбонҳои Сомонӣ - Рӯдакӣ то Муҷассамаи Исмоилӣ Сомонӣ аз соати 07:00 то анҷоми чорабинӣ ва аз соати 16:00 то анҷоми чорабинӣ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ назди «Наврӯзгоҳ» ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд ва қисман қатъ гардонида мешавад: “Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯз аз роҳҳои ҳамшафати ин хатсайр, яъне кӯчаҳои Саъдии Шерозӣ, Қаҳҳоров, Сино, Карамов, Турсунзода, Бухоро, Шевченко, Назаршоев, Академик Раҷабов ва ғайраҳо истифода баранд”.
Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, барномаи фарҳангӣ бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ шоми 24 ноябр дар Муассисаи давлатии “Наврўзгоҳи пойтахт” бо ҷалби ҳашт ҳазор нафар аз чор навоҳии пойтахт баргузор мегардад.