Сайёраи 18-сола дар Душанбе бедарак шудааст
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ахиран дар шаҳри Душанбе, як духтари 18-сола бедарак шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, Сайёра Аминов, сокини 18-солаи Душанбе рӯзи 10-уми ноябри соли равон ба самти номаълум рафта, бедарак шудааст.
Ин ниҳод аз афроде, ки дар бораи Аминова иттилоъ доранд, хоҳиш намудааст, ки тариқи телефонҳои 221 21 21 ё 227 98 98 ба мақомоти умури дохилӣ хабар диҳанд.