Оғози фасли “хлопушка”: Боздошти нахустин қонуншикан
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар арафаи Соли Нави мелодӣ талоши афроди алоҳида барои вуруд ва фурӯши ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дар кишвар боз майли афзоиш дорад.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ рӯзи 20-уми ноябр дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зани 39-сола, сокини шаҳри Душанбе бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд. Манбаъ мегӯяд, аз боздоштшуда 72 ҳазор дона маводи тарфгарии “хлопушка” дарёфт ва мусодира гардид: “Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Дар Тоҷикистон барои таъмини амнияту оромӣ зимни таҷлили Соли Нав ҳукумати кишвар вуруд ва паҳни маводи тарфгариро манъ намуда буд.