АКСУ ВИДЕО: Кӯмакхоҳии ҷавони 21-солаи тоҷик, ки гурдаҳояш аз кор мондаанд
Эмомиддин Холов, сокини 21-солаи ноҳияи Рашт, ки ду гурдааш корношоям шудаанду тариқи диалез зиндагӣ дорад, аз сокинони Тоҷикистон барои табобаташ кӯмак мехоҳад.
Холов мегӯяд, се сол боз ба ин беморӣ гирифтор будааст, аммо ӯ имсол огоҳ шудааст: “Вақте ба хизмати ҳарбӣ ба Помир рафтам, пас аз 12 рӯзи хидмат дар пойҳоям варамҳо пайдо шуданд. Дар беморхонаи ҳарбӣ дар Помир ду моҳ хоб будам, беҳбудие нашуд, баъдан Қарияи боло ва Медгородок омадам, аммо бемориам рӯз то рӯз авҷ гирифт. Дар охир баъди вазнин шудани вазъи саломатиам муайян карданд, ки гурдаҳоям қариб аз кор мондаанд”.
Ин ҷавони тоҷик афзуд, ки дар ҳоли ҳозир таҳти назорати духтур буда, ҳафтае ду маротиба диалез мекунад ва бо ёрии бародараш роҳ мегардад.
Насриддин Холов, бародари Эмомиддин, мегӯяд, тӯли чанд моҳ аст, ки ҳар ҳафта аз ноҳияи Рашт ба Душанбе барои диалез кардан меоянд ва дигар маблағе барои як бор диалез кардан надоранд, зеро ҳар маблағе, ки доштанд тули ин муддат харҷи роҳу диалез карданд.
Ба гуфтаи Насриддин Холов дар хонаашон касе дар ягон ҷой кор намекунад, худи ӯ ба деҳқонӣ ва нигоҳубини падараш, ки мубталои бемории қанд аст, машғул мебошад: “Ҳар гову моле, ки доштем, фурухта барои табобат сарф кардем. Қаблан Эмомиддин дар Душанбе кор мекард ва ба мо низ кумак мекард. Имрӯз ӯ бемор аст, дигар роҳи даромад надорем. Як бародари дигарамон ҳоло хурд аст”.
Табибон мегӯянд, вазъияти Эмомиддин вазнин буда, ба ҷарроҳии фаврӣ ниёз дорад, зеро ба гуфти онҳо як гурдааш комилан аз кор мондаву гурдаи дигараш ҳамагӣ 10-15% кор мекунад.
Эмомиддин Холов мегӯяд, барои ҷарроҳии гурдаҳояш имкони молӣ надорад ва бинобар ҳамин аз Ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва шахсони саховатманду ташкилотҳои хайриявӣ хоҳиш дорад, ки ба ӯ дасти ёрӣ дароз кунанд.
Афроде, ки имкони кӯмак ба Эмомиддин Холовро доранд, метавонанд бо рақамҳои 93 873 12 18, 987 12 24 38 дар тамос шаванд ё ба рақамҳои корти бонкии зерин маблағ гузаронанд: 4167552707600343- Орёнбонк
Получатель Холов Насриддин Хумайриддинович
Счет получателя 20 216 972 5 9000 000 0017
Банк получателя оперу ОАО «Агроинвестбанк»
Адрес Таджикистан, г. Душанбе, 734018, Саади Шерози, 21
Корр/счет 20402972714031 в ДР НБ ТАДЖИКИСТАНА
БИК 350101403
ИНН 040000053
Назначение платежа пополнение картсчета: 20216972403010456191
Перевод в российских рублях
Получатель (Ф.И.О. держателя карты) Холов Насриддин Хумайриддинович
Счет получателя 24 606 810 3 9000 000 0011
Банк получателя оперу ОАО «АГРОИНВЕСТБАНК»
Адрес Таджикистан, г.Душанбе, 734018, Саади Шерози, 21
SWIFT AGIBTJ22
Расчетный счет ОАО «АГРОИНВЕСТБАНКА» 30111-810-3-0000-0000-395
В АК Сбербанк России
Корр/банк АК Сбербанк России
Адрес Российская Федерация, г. Москва, 117997, ул. Вавилова, 19
Корр/счет 30101810400000000225 В ОПЕРУ ГУ ЦБ РФ
БИК 044525225
ИНН 7707083893
SWIFT SABRRUMM
Назначение платежа пополнение картсчета: 20216972403010456191
Money transfer in USD
Beneficiary (cardholder’s name) Nasriddin Kholov
Account in Agroinvestbank 20 218 840 5 9000 000 0037
Bank beneficiary OJSC Agroinvestbank
Adress Dushanbe, 21, Sherozi avenue, Tajikistan
SWIFT AGIBTJ22
Account in Citibank 3625-3384
Correspondent Bank Citibank n.a.
Adress 399, Park avenue, New York, 10043, USA
SWIFT CITIUS33
Details of payment pay to account: 20216972403010456191
Money transfer in EURO
Beneficiary (cardholder’s name) Hasriddin Kholov
Account in Agroinvestbank 24 606 978 9 9000 000 0010
Bank beneficiary OJSC Agroinvestbank
Adress Dushanbe, 21, Sherozi avenue, Tajikistan