Боздошти “раҳбари идеологӣ”-и “Бандаи ГТА” дар Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон Боҳир Ғуломовро, ки “раҳбари идеологӣ”-и “Бандаи ГТА” арзёбӣ мешавад, боздошт намудаанд.
Дар ин бора расонаҳои русӣ иттилоъ дода, афзуданд, ки феълан масъалаи истирдоди Ғуломов, ба Русия мавриди баррасӣ қарор дорад. Ғуломов аз пайравони “Ҳизб-ут-Таҳрир” ва таҳсилдидаи кишварҳои исломӣ муаррифӣ мешавад, ки қаблан гуфта мешуд, аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва аз он ҷо ба Покистон фирор кардааст.
Мақомоти Русия аъзои гуруҳи “ГТА”, ки моҳи ноябри соли 2014 боздошт шудаанд, дар куштори дастикам 17 нафар дар шоҳроҳҳои Маскаву назди он муттаҳам мекунанд. Мақомоти Русия эълон карданд, ки аксари аъзои ин гуруҳ зодагони Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон буда, роҳбари асосии он Рустам Усмонов дар амалиёти боздошт, кушта шуд.
Аз шаҳрвандони Тоҷикистон феълан Абдумуқим Мамадҷонов ва Зафарҷон Ғуломов, аз наздикони Боҳир Ғуломов бо иттиҳоми узвият дар гуруҳи “ГТА” дар боздошт мебошанд.
Додгоҳи ноҳияи Коптевски Маскав моҳи марти соли равон Илҳом Исҳоқов, шаҳрванди солхӯрдаи Тоҷикистонро барои додани манзил ба аъзои гуруҳи ҷиноии маъруф ба “Бандаи ГТА” ба як солу як моҳ равонаи зиндон карда буд.
Ба иттилои мақомоти Русия, Исҳоқов бо ҳамсараш хонаеро дар шоҳроҳи Дмитровск ба иҷора гирифта, ҳамчун хобгоҳ муҷаҳҳаз намудаанд ва аз моҳи август то 6 ноябри соли 2014 ба 10 муҳоҷир аз Осиёи Миёна ба иҷора додаанд: “Аз ҷумла Абдумуқим Мамадҷонов ва як узви дигари Гуруҳи ГТА дар миёни иҷоранишинон будаанд. Мақомоти Русия мегӯянд, Исҳоқов ва иҷоранишинони дигараш дар ҷиноятҳои “Гуруҳи ГТА” даст надоранд. Аммо Исҳоқов аз қабл дар мавриди ҳузури ғайриқонунии иҷоранишинонаш дар Русия хабар доштааст ва бинобар ин бо иттиҳоми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба як солу як моҳи зиндон маҳкум шудааст”.
Ин дар ҳолест, ки Исҳоқов дар додгоҳ “гуноҳ” -ашро эътироф карда, аз додрас хостаст, ӯро ба ҳабс маҳкум накунад. Қаблан Муҳаббат Паҳлавонова, ҳамсари Исҳоқов ба хабаргузориҳои русӣ гуфта буд, ин манзилро соли 2013 ба иҷора гирифта ва чанд вақт пеш онро тарк карда буданд: “Ҳамсояи мо дархост кард, дӯстонашро дар ин хонаи иҷора ҷой диҳем ва мо ҳам розӣ шудем”.
Феълан таҳқиқи парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи аъзои гуруҳи “ГТА” идома доранд.