Ҳалокати ронандаю мусофирон дар пайи чаппашавии “Мерседес”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 19 ноябр дар пайи як сонеҳаи нақлиётӣ дар вилояти Суғд ронанда ва мусофирони “Мерседес-бенс” ба ҳалокат расидаанд.
Тибқи иттилои ин ниҳод 19-уми ноябр, ронандаи “Мерседес-Бенс”, сокини 36-солаи шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Қӯрғонча ба самти ҷамоати деҳоти Ортиқови шаҳри Конибодом, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канали обдори чуқуриаш 5-метр чаппа шудааст: “Дар натиҷа худи ронанда ва мусофиронаш - марди 37-солаю зани 34-сола, сокинони шаҳри Конибодом дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”.