Маҳкумияти Толиб Лоиқов барои эътироз алайҳи ҳукумати Башор Асад
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Толиб Лоиқов, сокини 26-солаи ноҳияи Ёвонро барои таҳсили ғайриқонунӣ дар хориҷи кишвар ва иштирок дар тазоҳуроти оммавӣ алайҳи ҳукумати Башор Асад дар Сурия ба 1 солу 8 моҳи зиндон маҳкум кардааст.
Тибқи қарори додгоҳ Лоиқов 2007, бо кўмаки хеши модариааш Мақсудов Нодир, шаҳрванди Қирғизистон ба шаҳри Димишқи Сурия рафта, ба Донишгоҳи “Бадриддин ал Ҳасанӣ” дохил шуда, баъдан таҳсилашро дар Донишгоҳи нав бо номи “Маъҳат дували ул улуми арабӣ” идома додааст: “Моҳи ноябри соли 2010 бинобар бемории ҷоғар таҳсилро қатъ карда аз шаҳри Димишқ ба хонаашон ба ноҳияи Ёвон омадааст. Моҳи ноябри соли 2010 ба хизмати ҳарбӣ рафта, муддати 6 моҳ дар қисмҳои низомиии 12019 ва 07611-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат кардааст, аммо бинобар ба касалии дил ва роҳи нафас моҳи марти соли 2011 аз хизмати ҳарбӣ рухсат карда шудааст”.
Дар қарори додгоҳ омадааст, ки Лоиқов сентябри соли 2011 маротибаи дуюм барои идомаи таҳсил дар Донишгоҳи “Маъҳат дували ул улуми арабӣ”-и шаҳри Димишқ ба кишвари Сурия рафта, то моҳи июни соли 2012 таҳсили илм намуд. Ӯ изҳор доштааст, ки дар давоми таҳсил дар тазоҳурот алайҳи ҳукумати Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия иштирок намудааст: “Дар намоишҳои эътирозӣ ӯ ва толибилмони дигар, аз ҷумла аз Тоҷикистон низ Ғоибзода Юсуфбек, Пирзода Меҳроҷ, Маҷидзода Бахтовар, Холиқов Забиҳулло, Ашуров Савриддин, Абдуалимов Имомиддин, Самиев Алишер, Абдултайиб, Алиакбар, Шамсов Сиротулло, Самандар, Муҳаммадносир, Неъматуллои Иброҳим ва дигарон иштирок намудаанд”.
Додогоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Лоиқов Толибро бо моддаи 187-и қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ-иштирок дар итиҳоди ҷиноӣ гунуҳкор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 1 солу 8 моҳ бо адо намудани ҷазо дар коллонияҳои дорои низомаш пўрзур таъин кардааст.