Интиқоди Зуҳуров аз психология ва шартмониҳои мансабдорон: Сармоягузоронро мегурезонанд
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар бояд шароите фароҳам шавад, ки сармоягузорони хориҷӣ натарсида дар иқтисодиёти кишвар маблағгузорӣ кунанд.
Зуҳуров, 18 ноябр зимни ҷаласаи парлумон дар хитоб ба Қодири Қосим, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷоннок кардани кор дар самти ҷалби сармояи хориҷиро зарур хонд: “Бе сармояи хориҷӣ пешравӣ хеле мушкил аст”.
Раиси Маҷлиси намояндагон изҳор дошт, ки ҳанӯз ҳам монеаҳо зиёданд ва аз психологияи бархе аз роҳбарони масъули кор бо сармоягузорон интиқод кард, ҳар хел шарту шароитҳои бемаънӣ монда, сармоягузоронро мегурезонанд.
Зуҳуров таъкид кард, ки “бо як Хитой мо наметавонем” ва илова кард, ки сармоягузоронро бояд ҳавасманд кунем, то омада корхонаҳо созанд.