АКС: Баҳси латукӯби як ҳамҷинсгаро аз сӯи ҷавонони тоҷик
Нашри навори 35-сониягии латукӯби як ҷавони ҳамҷинсгаро аз сӯи се ҷавони тоҷик дар шабакаи интернет вокунишҳои зиёдро ба вуҷуд овард.
Дар навор, се ҷавони тақрибан 17-20-сола нафари чорумро, ки дар тан либоси занонаи аврупоӣ дорад, дашном дода бо мушту лагад мекӯбанд: “Ҳеч ҷо намерӣ, ина ҳамин ҷо меистӣ, ту мардакӣ, боз милиса фарёд карданӣ шудӣ”-гӯён ҷавонон латукӯбро идома медиҳанд.
Ҷавон, бо либоси аврупоии занона, гирякунон “сар те” мегӯяд. Наворбардори ҳодиса низ аз ҳамроҳонаш даъват мекунад, ки назанедаш монед равад. “Аммо ҷавонон “ту айба намедонӣ, ҳайвонӣ? Э мардакӣ ту эй мардак”-гӯён чанд шаттаи дигар зада баъд ӯро раҳо мекунанд.
Аксари корбарон дар пайи нашри навор аз афзоиши ҳамҷинсгароӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ кардаанд. Қисми дигар бо таъкиди мухолифташон бо ҳамҷинсгароӣ изҳор доштаанд, ки ҳамчунин мухолифи хушунат алайҳи ҳамҷинсгароён мебошанд.
Ин дар ҳолест, ки чанд моҳи қабл мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз қатли марди ҳамҷинсгарои 55-сола аз сӯи ду ҷавон дар Душанбе хабар доданд. Аз ин пештар ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон дар расонаҳо аз таҳдид ба ҷонашон суҳбат карда, афзуданд, ки дар талоши дарёфти паноҳандагӣ дар хориҷи кишваранд.