Мансур Ҳамидов ноиби президенти “TeliaSonera” шуд
Мансур Ҳамидов, мудири кулли пешини ширкати мобилии “Tcell” ноиби президенти ширкати “TeliaSonera” дар минтақаи Авруосиё таъин шудааст.
Тибқи иттилои масъулини “TeliaSonera” Ҳамидов масъули ширкатҳои гуруҳи Fintur таъин гардидааст, ки “Azercell”, “Geocell”, “Kcell” ва “Moldcell” шомили он мебошанд. Ӯ инчунин умури тиҷории ин ширкатҳои минтақаи Авруосиёро мудирият хоҳад кард.
Мансур Ҳамидов дар гузашта дар ширкати НСЕЛЛ, зерсохтори ширкати TeliaSonera дар Непал кор карда, аз соли 2011-ум то нимаи соли равон “Tcell”-и Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард. “Tcell” калонтарин ширкати мобилии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки 40 дарсади саҳмияҳои он ба Хазинаи Оқохон ва 60 дарсадаш ба ширкати аврупоии “TeliaSonera” тааллуқ доранд.