Раддабандии амният: Тоҷикистон аз террористон осебпазир аст
Тоҷикистон дар гузориши нави “Шохиси терроризми ҷаҳонӣ” миёни 162 давлати дунё дар ҷойи 84-ум омадааст.
Дар раддабандӣ, ки аз сӯи “Пажуҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ”-и Лондон дар натиҷаи таҳлили вазъияти 162 кишвари дунё таҳия шудааст, Қазоқистон дар ҷойи 83, Қирғизистон 86 ва Туркманистону Узбакистон дар мақоми 124-ум қарор гирифтаанд.
Ба панҷгонаи аввали раддабандӣ Ироқ, Афғонистон, Нигерия, Покистон ва Сурия ворид шудаанд.
Дар гузориши нави “Шохиси терроризми ҷаҳонӣ” омадааст, ки дар соли 2014 32 ҳазору 658 инсон қурбонии терроризм шудаанд ва ин нисбати аввали асри XXI 9 баробар бештар мебошад. Муаллифони гузориш гуфтаанд, ки соли 2000-ум дар ҷаҳон 3 ҳазору 329 нафар дар амалиёти террористӣ ҷон бохтаанд. Бино бар ин таҳқиқот, маҷмӯан дар соли 2014 67 кишвар ба қайд гирифта шудааст, ки дар онҳо ҳадди ақал 1 нафар бар асари иқдоми террористӣ ҷон додааст.
Тибқи ин гузориш хисороти иқтисодии терроризм дар соли 2014 ба 52,9 миллиард доллар расидааст, ки он баландтарин нишондод дониста шудааст.
“Хушунати сиёсӣ аз ҷониби давлат” ва “вуҷуди даргирҳои мусаллаҳона дар миқёси калон” ду далели аслии зиёд шудани амалиёти террористӣ дониста шудаанд: “Дар тӯли 25 сол далели аввал, омили 92 дарсад ва далели дуввум омили 88 % -и иқдоми террористӣ дар ҷаҳон шудаанд”.