Ш.Раҳимҷон ба прокурор: Хостам овозаи талоқи Фарзонаю Фариддунро рад кунам
Шоираи Раҳимҷон, рӯзноманигори тоҷик, ки нашри аксҳояш аз гаҳворабандони Закия-духтари 5-моҳаи Фарзона ва Фариддуни Хуршед баҳсбарангез шуд, мегӯяд чунин сурат гирифтани корро ҳеч намехост.
Ш.Раҳимҷон дар саҳифаи интернетияш навиштааст, ки баъди нашри аксҳо аз сӯи масъулини додситонии ноҳияи Сино мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст. Ӯ мегӯяд, ба суол дар бораи сабаби нашри аксҳо изҳор доштааст, ки бо ин мехостааст, овозаҳои бардурӯғи талоқи Фарзонаю Фариддуни Хуршедро рад кунад: “Ва ҳам хостам, ки хушбахтии онҳоро ҳамроҳ бубинем”.
Дар идома Шоира аз замона интиқод намудааст, ки “дигар аз гузоштани аксҳои худам хавф дорам”.
Қаблан Шоираи Раҳимҷон, рӯзноманигори тоҷик аксҳо аз маросими гаҳворабандони Закия, духтари Фариддун ва Фарзонаи Хуршедро дар сафҳаи фейсбукияш нашр карда, дар шарҳи он изҳор дошт, ки маҳфили гаҳворабандон якҷоя бо хатнатӯйи Умед Негматов гузаронда шудааст. Дар пайи нашри аксҳо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои кишвар Фариддуну Фарзонаи Хуршедро дар нақзи қонуни танзим муттаҳам кард, чун тибқи қонун гузарондани гаҳворабандон дар тарабхона манъ аст.
Аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ба “Озодагон” хабар дода буданд, ки Фаридуни Хуршед, овозхони маъруфи тоҷикро дар робита ба гаҳворабандони духтари навзодаш-Закия мавриди бозпурсӣ қарор додаанд.
Фариддуни Хуршед, ҳамсари Фарзонаи Хуршед дар суҳбат бо масъулини танзими расму анъана нақзи қонунро рад карда, изҳор доштааст, ки маросими гаҳворабандонро дар доираи хатнатӯйи наврасони дигар баргузор кардаанд. Манбаи “Озодагон” гуфт, феълан таҳқиқи қазия идома дорад ва бо эҳтимоли зиёд Фарзонаю Фариддуни Хуршед барои нақзи қонуни танзми ҷарима хоҳанд шуд.