(АКСУ ВИДЕО) Кӯмакхоҳии Насимов барои табобат: 78 сомонӣ нафақаамро низ лағв карданд
Баҳром Насимов, сокини 34 солаи ноҳияи Восеъ, ки 7 сол боз аз бемории қанд азият мекашад, аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш дорад, ки барои табобаташ дар хориҷи кишвар кӯмак кунанд.
Насимов дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, шароити зиндагии оилаашон, ки падару бародараш низ беморанд, вазнин мебошад ва ҳатто барои табобат дар дохили кишвар маблағ надоранд. Ӯ афзуд, тайи солҳои табобат дар беморхонаи “Якум советский” беҳбудие ҳосил нашудааст ва табибон ҳам ба ӯ гуфтаанд, ки дар хориҷ аз кишвар шифо меёбӣ: “Барои табобат ва шифои ман дар Ҳиндустон 25 ҳазор доллари амрикоӣ лозим будааст. Чанд нафаре, мисли ман бемор будаанду ҳамроҳам дар беморхонаҳо хоб буданд дар Ҳиндустон шифо ёфтаанд. Онҳо гуфтанд барои табобат ёфтанашон дар Ҳиндустон 25 ҳазор доллар харҷ кардаанд”.
Баҳром Насимов илова намуд, ки дар хонавода 6 нафаранд, ки аз ҳисоби нафақа зиндагӣ мекунанд: “Падарам ва як бародарам низ беморанд. Падарам нафақа мегирад. Аз ҳисоби ҳамин беморӣ як пои чапам низ аз кор мондааст, маъюби гурӯҳи 2 мебошам. 78 сомонӣ нафақа мегирифтам, вале аз моҳи октябри соли равон комиссия санҷиш гузаронду намедонам, аз чӣ бошад, ки нафақаамро бекор карданд. Рӯз то рӯз аҳволам бад шуда истодааст, дарунам месузад, иштиҳо надорам. Табибон мегӯянд, аз ширинию равғанӣ парҳез кун... Бовар кунед ҳолате мешавад аз ҷоям хеста наметавонам”.
Насимов мегӯяд, ҳамсараш баъди бемор шуданаш ӯро тарк намудааст ва феълан як фарзанд дорад: “Аз бародарони саховатманд, соҳибкрону тоҷирон, ташкилотҳои хориҷӣ хоҳиш мекунам барои беҳбудии вазъи саломатиям ба қадри имкон ба ман кӯмак расонанд”.
Афроде, ки мехоҳанд дасти ёрӣ ба Насимов дароз кунанд, метавонанд бо рақамҳои 918 43 60 70 дар тамос шаванд ё ба суратҳисоби зерин маблағ гузаронанд: