Таҳдиди “маҳсгар”-и 18-сола ба зани 34-сола: Агар пул надиҳӣ наворамонро паҳн мекунам
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 18-сола, сокини кӯчаи Рӯдакии шаҳри Душанбе иттилоъ дод, ки дар тамаъҷӯӣ ва таҳдиди бадномкунӣ муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ ин ҷавон аввали моҳи октябри соли ҷорӣ тавассути интернет бо зани 34-сола, сокини шаҳри Душанбе шинос шуда, худро ҳамчун маҳсгар (массажист) муаррифӣ намудааст: “Ин ҷавон занро ба манзили истиқоматиаш даъват карда, бо ӯ ҳаракатҳои шаҳвонӣ намудааст ва ин ҳолатро ба навор гирифтааст”.
Манбаъ мегӯяд, дар пайи наворгирӣ ин ҷавон бо таҳдиди паҳн намудани навори мазкур аз зан 1400-доллари амрикоиро талаб кардааст: “Рӯзи 16 ноябри соли равон ҷавони 18-сола дар вақти гирифтани маблағ дастгир карда шуд”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.