Садамаи мудҳиш дар Айнӣ: Танҳо духтарчаи 2-сола зинда монд...
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи сарозер шудани мошини “Хундай Старекс” ба чуқурии 300 метрӣ дар роҳи Душанбе-Чанноқ танҳо як мусофири он-духтарчаи 2-сола аз ноҳияи Масчоҳ зинда мондааст.
Тибқи иттилои манбаъ 15 ноябр дар пайи резиши барфу борони зиёд дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хушекати ноҳияи Айнӣ, сангпора аз куҳ ҷудо шуда, ба мошини мусофирбари “Хундай Старекс” бархӯрдааст: “Дар пайи бархӯрд автомашина ба ҷуқурии 300 метрӣ чаппа шудааст. Дар натиҷа, ронандаи 32-сола ва мусофирон - марди 68-сола, зани 58-сола ва духтарчаи 6-сола, сокинони ноҳияи Мастчоҳ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, дар ин садама танҳо як мусофир-духтарчаи 2-сола аз ноҳияи Масчоҳ ҷон ба саломат бурдааст.
Дар ҳамин ҳол Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар пай боришоти зиёди барф дар роҳи мошингарди Душанбе – Чанноқ аз ронандаву мусофирон даъват намудааст, ки аз ҳаракат тариқи ин роҳ худдорӣ намоянд. Бозрасии давлатии автомобилӣ аз ронандагони воситаҳои нақлиёт талаб намудааст, ки ба далели фаро раисдани фасли зимистон, воситаҳои нақлиёташонро бо таҷҳизоти иловагии зидди лағжиш, аз қабили занҷирҳо, таноб ва болиштакҳо муҷаҳҳаз гардонанд.