Ҳукумат ба Кумитаи амният ҳаққи масдудсозии алоқа ва интернетро дод
Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи мубориза бо терроризмро тасдиқ кардааст, ки тибқи он дар ҳолатҳои зарурӣ дастрасӣ ба алоқаю интернет на танҳо дар минтақаҳои алоҳида, балки дар тамоми қаламрави Тоҷикистон метавонад, масдуд гардад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон имрӯз, 16 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, дар қатори 23 масъалаи рӯзнома ҳамчунин лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия ва пешниҳод гардидааст: "Тибқи тағйирот ба моддаи 20-и қонуни феълӣ “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, қисми 3 илова карда мешавад, ки бар асоси он бо дархости субъекти асосии бевосита ба зидди терроризм муборизабаранда дар минтақаи амалиёти зидди террористӣ, инчунин дар тамоми қаламрави кишвар ва ё минтақаҳои гуногуни он хизматрасонӣ тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва истифодабарии воситаҳои вобаста ба он метавонанд, муваққатан боздошта шавад”.
Манбаъ мегӯяд, дар ҷаласаи Шӯро зикр гардид, ки қабули лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда имкон медиҳад, ки минбаъд дар ҷумҳурии Тоҷикистон то ба анҷом расондани амалиёти зидди террористӣ фазои иттилоотии қаламрави кишвар ё минтақаҳои ҷудогонаи он халалдор нагарданд.
Гуфта мешавад дар сурати тасвиби ин тағйирот аз сӯи парлумон мақомоти қудратӣ, аз ҷумла Кумитаи амнияти миллӣ ҳақ хоҳанд дошт, ки дар минтақаи амалиёт алайҳи террористон дастрасӣ ба алоқаи электронӣ, аз ҷумла алоқаи мобилӣ, интернет ва ғайраро маҳдуд кунад.