Оқохони IV дар Ҳарвард: Хулосаи зиндагиям як гуфтаи Қуръон аст
Оқохони IV, раҳбари исмоилиёни ҷаҳон12 ноябр зимни суханронии худ дар донишгоҳи Ҳарварди Амрико зери унвони “Ахлоқи ҷаҳонмиҳанӣ дар ҷаҳони қисматшуда” мафҳуми “бархурди тамадунҳо” миёни ҷаҳони Ғарб ва Исломро рад кард.
Тавре расонаҳои маъруфи ҷаҳон, аз “Вашингтон пост” то “Стандарт”-и Ҳонг - Конг хабар медиҳанд, Оқохони IV дар пайи радди бархӯрди тамаддунҳо ба фаҳмиши беҳтари фарҳангӣ даъват кардааст.
Ӯ афзудааст, “ба назари ман дар пушти дидгоҳи “бархурди тамаддунҳо” мушкили амиқтаре -“бархурди нодонӣ” нуҳуфтааст ва маориф дар ин мубориза силоҳи ивазнашаванда аст”.
Пешвои исмоилиён таъкид кардааст, ки ҷомеа бояд талош кунад, то бештар касратгаро (плюралист) ва ҷаҳоншумул (космополит) бошад: “Ҷомеаи плюралист ҷомеае аст, ки на танҳо тафовутҳоро қабул мекунад, балки ба таври фаъол дунболи дарк кардан ва омӯхтан аз он аст. Аз ин дидгоҳ, чандгунагӣ як бори сангин нест, ки таҳаммул шавад, балки фурсатест, ки аз он бояд истиқбол кард”.
Ҷаҳонишавӣ аз мавзӯҳои дигари меҳварии суханронии Оқохони IV дар донишгоҳи Ҳарвард будааст: “Ҷаҳонишавӣ бояд маънои сохтани ҷомеаи якмаромро надошта бошад, ки ҳамаи гуногуниро бартараф кунад. Балки ҷомеае мавриди эҳтиром аст, ки он ҷо аз муштаракот ва гуногунӣ истиқбол мешавад”.
Пешвои исмоилиёни ҷаҳон дар хулосаи суханронияш аз Қуръони Карим иқтибос овардааст, ки “Эй мардум, Парвардигор шуморо аз нафси воҳид офаридааст”.
“Ин ки ҳамаи мо аз “як нафси воҳид” офарида шудааем дар қалби дини Ислом ҷой дорад” -гуфтааст Оқохони IV ва афзудааст, ки хулосаи асосии шахсияш низ тайи солҳои сипаришудаю масофаи тайкардааш ин гуфтаи Қуръон аст, ки ҳар яки мову ҳамаи мо “аз нафси воҳид" офарида шудаем.