Унвони нави Э.Раҳмон: Барои озодӣ, демократия, ҳамзистии динҳо ва...(АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бегоҳи 12 ноябр дар мулоқот бо Мамнун Ҳусайн, президенти Покистон рушди минбаъдаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориро баррасӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиисҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот Мамнун Ҳусайн ҳавасмандии амиқи Покистонро ба густариши робитаҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таъкид намуда, аз ҷумла изҳор дошт “Покистон дарҳои худро ба рӯйи Тоҷикистон боз кардааст ва мо омодаем, ки бо ҳамкории зичу пурсамар муносибатҳои худро ба сатҳи баланд ва ҷавобгӯи манфиатҳои ҳарду ҷониб барорем”.
Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ таъкид намудааст, ки тавассути қаламрави Покистон Тоҷикистон метавонад ба наздиктарин бандарҳои баҳрии он - Қарочию Гвадар роҳ ёбад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон президентҳои ду кишвар ҳадаф гузоштаанд, ки ки бояд дар давоми се соли оянда ҳаҷми тиҷорати дуҷониба то ба 500 миллион доллари амрикоӣ афзоиш дода шавад.
Манбаъ мегӯяд, дар пайи ин мулоқот Мамнун Ҳусайн, ки инчунин ректори Донишгоҳи Қоиди Аъзами Покистон мебошад, ба Эмомалӣ Раҳмон барои “талошҳои бузург, пешбурди ҳусни тафоҳуми байни тамаддунҳо, ҳамзистии динҳо, таҳаммулпазирӣ, озодӣ, демократия ва ҳуқуқи башар, ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ, таҷассум ёфтаанд” шаҳодатномаи унвони фахрии “Доктори фалсафа ва иқтисод”-ро супорид.
Дар пайи унвонгирӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор доштааст, ки “решаҳои муштараки фарҳангию таърихӣ ва наздикии забонҳои тоҷикию урду барои мардумони мо имкон медиҳанд аз арзишҳои фарҳангии ҳамдигар баҳраманд бошанд”.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки мо бояд иқтидори фарҳангу тамаддуни миллатҳои худро пурра истифода намоем, то ки дар заминаи муколамаи васеъ, саъю кӯшиши умумӣ барои рушди устувори иқтисодӣ ва амнияти муштарак ҷомеаи босуботу ободи халқҳои Осиёро барпо намоем.