Директори Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон иваз шуд
Ғулом Исҳоқзай, директори нави Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон таъин шудааст.
Ғулом Исҳоқзай, ки то ҳол масъули барномаи ихтиёриёни СММ буд, дар мақоми наваш Норимаса Шимомураро иваз намуд.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Шимомураро, ки муҳлати фаъолияташ ба ҳайси директори БРСММ дар Тоҷикистон ба охир расид, рӯзи 11 ноябр Низомиддин Зоҳидӣ, ноиби вазири умури хориҷӣ ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот, ки бо ҳузури Ғулом Исҳоқзай баргузор шудааст, Зоҳидӣ аз Шимомура барои саҳми назаррасаш дар таҳия ва татбиқи барномаву лоиҳаҳои барои кишвар муҳим изҳори миннатдорӣ намудааст: “Зимни мулоқот инчунин ҳамкории дуҷониба, дар умури мудирияти оқибатҳои офатҳои табиӣ ва таҳкими инфрасохтори сарҳадӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд”.
Дар акс: Ғулом Исҳоқзай