Пулиси рус Хуршеди 29-соларо дар Внуково ба роҳи охират гусел кардааст (ВИДЕО)
Раёсати кумитаи тафтишотии Русия дар умури нақлиёт марги Хуршед Отанбеков, шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистонро, ки баъди бозпурсии пулис аз “эстакада”-и 7 метрӣ сарозер шудааст, таҳқиқ хоҳад кард.
Дар ин бора Кумитаи тафтишотии Русия дар сомонааш иттилоъ додааст.
Тибқи иттилои мақомоти умури дохилии Русия маъмурини пулис тақрибан соати 18:00-и 11 ноябр дар фурудгоҳи Внуково шаҳрванди Тоҷикистонро барои санҷиши ҳуҷҷатҳо нигоҳ доштаанд: “Баъди санҷиш муайян шудааст, ки ҳуҷҷатҳои шаҳрванди Тоҷикистон дурустанд ва ӯ дар пайгард қарор надорад”.
Тибқи иттилои мақомоти дохилии Русия Отанбеков гуфтааст, нияти парвоз ба Ватанро дораду ҷои фурӯши чиптаҳоро пурсидааст: “Маъмурини пулис ӯро ба ҷои фурӯши чиптаҳо гусел кардаанд, аммо дар роҳ ҷавони тоҷик ба тарафи рост фирор карда, аз баландии 7 метрӣ паридаст”.
Ба иттилои манбаъ дар пайи бардоштани ҷароҳатҳои вазнин Хуршед Отанбеков тақрибан 18:37 дақиқа дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.
Расонаҳои русӣ қаблан Хуршед Отанбековро ваҳҳобӣ хонда, афзуданд, ки аз кисааш адабиёти ифротӣ дарёфт шудааст. Аммо Вазорати умури дохилии Русия ин иддаоро рад карда, таъкид намудааст, ки дар кисаи ҷавони марҳуми тоҷик дастурамали оддии намозгузорӣ дарёфт шудааст: “Феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад”.